goodwell
Нишонаҳои бемории гурда дар кӯдакон
3797

 

Дарди гурда ба қатори бемориҳои дар сар то сари ҷаҳон паҳнгашта дохил мешавад. Шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки гурдаҳояш комилан солим ва ба ягон намуди бемории гурда гирифтор набошад. Яке аз илтиҳоби гурда шикоят мекунад, дуввумӣ дар гурдааш санг ё намаку рег дорад, саввумӣ аз норасии кори гурда азият мекашад. Мутаасифона, ин беморӣ хурдтараконро низ дар амон намегузорад. Шумораи гирифторони иллатҳои гурда дар байни атфол низ кам нест, бинобар ин, волидон бояд бисёр ҳушёр бошанд, зеро нуқсон доштани гурдаҳои кӯдак оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонад.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи нишонаҳои аввалини бемории гурда дар кӯдакон маълумот медиҳем.

 

Филт барои ҷисми инсон

Гурда узви муҳиме мебошад, ки ҷисми инсонро аз ҳар гуна заҳрҳо ва дигар маводҳои зараровар пок месозад. Ба таври дигар бигӯем, гурдаҳо дар ҷисми одам вазифаи филтрро иҷро мекунанд ва организмро тоза карда меистанд. Албатта мубориза бурда бо заҳру вирусу микробҳои зиёде, ки бо роҳҳои гуногун ба организми инсон ворид мешаванд, кори осон нест ва дар раванди ин набарди шадид гурдаҳо иллат пайдо карда, бемор мешаванд. Гурдаҳои кӯдакон назар ба гурдаҳои калонсолон нозуктаранд, аз ҳамин сабаб иллат пайдо кардан ва ба бемориҳои гурда гирифтор шудани кӯдакон осон аст.

 

Модарон, ҳушёр бошед!
Кӯдак метавонад аз батни модар бо иллати модарзоди гурда ба дунё ояд ва ё баъдтар ба ин ё он намуди бемории гурда гирифтор шавад, аз ҳамин хотир волидон, махсусан модарон бояд ҳамеша ба саломатии фарзандони худ аҳамият дода, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини бемории гурда кӯдакро ҳатман ба назди духтур бибаранд.

 

Ба чеҳраи кӯдак диққат диҳед!


Барои фаҳмидани он ки гурдаҳои кӯдак ягон иллат доранд, кофист, ки ба чеҳрааш назар андозед ва ранги пешобу рафти пешобкуниашро зери назорат бигиред. Нишонаи аввалини нуқсон доштани гурдаҳои кӯдак ин варам мебошад. Субҳгоҳон рӯй ё зери чашмони тифли шумо варам мекарда бошад, ҳатман пешоби кӯдакро супорида гурдаҳояшро УЗИ кунед.
Фарбеҳ шуд ё варам кардааст?
Кӯдак ба ягон бемории ҷиддии гурда гирифтор бошад, варам мекунд. Азбаски аксари падару модарон дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд, якбора вазн гирифтани ҷигарбандашонро дида хурсанд мешаванд, ки фарзандашон фарбеҳ ва сафеду хушрӯяк шудааст, вале дар асл ин аломати бемории кӯдак аст. Вақте ки ҷисми кӯдак варам мекунад, пӯст ялаққос зада, ба назар чунин менамояд, ки тифл аз пештара сафедтар ва зебо шудааст, аммо ин фиреби назар аст. Дар асл кӯдак бемор буда, ба кӯмаки фаврии тиббӣ ниёз дорад. Дар сурати бепарвоӣ минбаъд варам ба пойҳои кӯдак низ давида, пойафзолаш ба пояш танг мешавад.
Мабодо чунин нишонаҳоро дар тифли худ мушоҳида карда бошед, бо умеди “фарбеҳаку хушрӯяк” шуданаш нанишаста, фавран кӯдакро ба назди табиби атфол ё муттахассисони гурда баред.

 

Чаро кӯдак аз ҳуш меравад?


Вақте ки гурдаҳои кӯдак иллат пайдо мекунанд, ин ба кори дигар узвҳо низ бе таъсир намемонад. Аксаран бемории гурда боиси баланд шудани фишори хун дар кӯдакон мегардад. Фарзандатон тез-тез аз дарди сар шикоят мекарда бошад ё баъзан худ аз худ аз ҳуш рафта афтад, ҳатман фишори хунашро санҷед ва ба педиатор муроҷиат намоед. Дарди сар ва беҳушшавии кӯдакон нишонаи фишорбаландӣ бар асари дарди гурда (почечное давление) буда метавонад. Ногуфта намонад, ки дар 40%-и ҳолатҳо фишори хуни кӯдакон маҳз бо сабаби дард ва иллатҳои гуногуни гурда баланд мешавад.

 

Кӯдак шамол нахӯрдааст, вале таб мекунад?
Аслан кӯдакон баъди шамол хӯрдан таб мекунанд, вале баъзан чунин мешавад, ки бача зӯком нест, намесулфад, гулӯяш низ дард намекунад, аммо таббаш баланд мешавад. Ин метавонад нишонаи бемории гурда бошад.
Аксари бемориҳои гурда бо баланд шудани таб аз худ дарак медиҳанд. Маъмулан зимни иллатҳои гурда табби кӯдак сахт баланд намешавад, яъне то 39-40 дараҷа мерасад, вале табкунии бача тӯл кашида дар ду-се рӯз намегузарад. Аз 37 боло будани табби кӯдак маънои онро дорад, ки фарзанди шумо бемор аст. Бепарвоӣ накарда ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, зер кӯҳна шудани беморӣ раванди табобатро душвор месозад.

 

Вақте ки шикамча дард мекунад...


Нишонаи дигари бемории гурда дард кардани шиками кӯдак аст. Дарди шикамчаи кӯдак то ҳадде сахт ва шадид гашта метавонад, ки волидон гумон мекунанд фарзандашон апендесит шудааст. Барои он ки ин ду бемориро аз ҳам фарқ кунед, ба ранги пешоби кӯдак диққат диҳед. Гурдаҳо иллат дошта бошанд, ранги пешоб тағйир ёфта, ба бӯри обкардашуда шабоҳат пайдо мекунад ё сурхчатоб мешавад. Нигоҳ дошта натавонистани пешоб, ҷоймезии шабонаи кӯдакон ва қатра-қатра омадани пешоб низ нишонаи бемории гурдаҳои кӯдак мебошад.
Ба кӯдак тез-тез об диҳед
Барои пешгирии бемориҳои гурда ба кӯдакон тез-тез об додан лозим. Об гурдаҳоро шуста ба хориҷ шудани таҳшин ва заҳрҳои гуогун аз гурда ва дигар узвҳои кӯдак ёрӣ мерасонад. Фақат фаромӯш накунед, ки об гуфта мо обҳои газнок ва сардро дар назар надорем. Фанта, Кола ва дигар обҳои газнок ва сард баръакс ба саломатии атфол зарар доранд. Ба кӯдакони гурдаҳояшон иллат дошта нӯшидани чунин нӯшокиҳо манъ аст!

Роллтон ва консерва нахаред!


Ба кӯдакони иллати гурда дошта хӯрдани ролтон, консерваҳои гӯштию моҳигии шӯр ва дигар маҳсулоти тезтайёр зарар дорад, бинобар ин, аз харидани чунин хӯрданиҳо худдорӣ намоед.

Аз баҳри памперс гузаред!


Памперс барои модарони муосир як дастёри беминнат гаштааст, вале ҳар қадар шумо фарзандатонро тезтар ба “горшок” одат кунонед, беҳтар аст. Намӣ хоҳ-нохоҳ дар памперс боқӣ монда, дурудароз памперс пӯшидан ба саломатии кӯдак бе таъсир намемонад.
Саломат бошед ва саломатии фарзандони худро эҳтиёт намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД