arzon replenishment
Ниқобҳои мевагӣ барои таровати пӯст
679

Аксаран баъди рӯзи пурмаҳсули корӣ бонувон хеле хаста мешаванд ва осори хастагӣ дар чеҳраашон боқӣ мемонад. Вақте шомгоҳон шуморо ба ягон маърака даъват мекунанд ва вақту имконияти ба кошонаи ҳусн рафтан надоред, чи бояд кард?

Шумо метавонед барои рафъи рангкандагӣ ва осори хастагӣ аз чеҳраатон аз нениқобҳои ғизобахши меваву сабзавотӣ истифода баред.

Барои пӯсти хушк:
2 сабзии миёнаҳаҷмро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, бо зардии як дона тухм омезеду ба пӯсти рӯятон молед. Баъди 10-15 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кунед. Сабзӣ осори хастагиро рафъ намуда, чеҳраи шумо тароват пайдо мекунад. Пас аз ин метавонед бо
дили пур пардоз намуда, ба базм равед.

Барои пӯсти муътадил ва омехта:
Сафедии тухмро бо 2-3 қошуқ шарбати бутамеваи калина омехта намуда ба пӯсти рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред, сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед ва пардоз кунед.

Пӯстатон ялаққос мезанад?
Пӯсти рӯятон равғанин бошаду ялаққос задани рӯятон табъатонро хираву макияжи шуморо вайрон кунад, дар бонкачае каме об ва сиркои сафедро омезиш дода, докачаеро дар он тар кунед ва рӯятонро молиш диҳед. Сирко равған ва ифлосиҳои дар сӯрохичаҳои хурди пӯст дармондаро тоза мекунад. Амалиёти мазкурро қабл аз пардоз иҷро намоед, он гоҳ усмаву сурмаи молидаатон то дергоҳ боқӣ мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД