Ниқобҳои аз меваву сабзавот омодашуда дар тамоми фаслҳои сол ба пӯсти рӯй таъсири муфид мерасонанд.
Дар фасли тирамоҳ афзалиятро ба ниқобҳои ғизобахшу нармкунанда додан лозим аст. Меваву сабзавотеро истифода баред, ки дар таркибаш равғани арган, авокадо, жожоба ё ши дошта бошанд.
Ниқоб аз каду
Барои омода сохтани ин ниқоби хонагӣ ба шумо ними себ, зардии тухм, 1 қошуқча асал, 2-3 донаи калони ангур ва 2 қошуқча кадуи обпаз лозим аст. Маҳсулоти номбаршударо дар блендер майда карда, яклухт созед. Агар блендер надошта бошед, метавонед онро бо чангак майда кунед. Ниқоби кадугиро ба пӯсти рӯю гардан молида, 20-30 дақиқа нигоҳ доред. Сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед. Ниқоби мазкур барои тамоми намуди пӯст мувофиқат мекунад.
Ниқоб аз йогурт
Ниқоби мазкури тирамоҳӣ ҳам ғизобахш асту ҳам тароватбахш. Барои омода сохтани он, ба шумо 10 дона ангур, 1 қошуқча шарбати навҷабидаи лиму, 1 қошуқча асал ва 1 қошуқча йогурт лозим аст. Маҳсулоти номбаршударо ба блендер андохта, яклухт созед. Ниқобро ба пӯсти рӯй молида, 20-30 дақиқа нигоҳ дореду сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.
Ниқоб аз сабзӣ
Ниқоби аз сабзӣ омодашудаи тирамоҳӣ пӯстро ба дараҷаи аъло нарму ботароват месозад ва тарзи тайёр карданаш хеле осон аст. Ниқоби мазкури хонагӣ ба пӯст таъсири мусбӣ расонида, ҳафтае онро 2-3 маротиба истифода бурдан лозим аст.
Як дона сабзии хурдро, дар блендер майда карда, ба он як қошуқча асал ва як қошуқча орди ҷав илова кунед. Ниқобро дар пӯсти рӯй 20 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.