arzon replenishment
Никоҳи муваққатӣ раво аст?
1072


Оё дар мазҳаби ҳанафӣ осонкунандаи никоҳ мавҷуд ҳаст? Масалан, як зан даъват мекунад, ки барои чанд моҳ бо ӯ никоҳ кунам. Масалан, дар мазҳаби бародарони мо аҳли ташайюъ никоҳи мутъа аст.

Он зан мехоҳад, ки барои дурӣ аз гуноҳ бо ӯ никоҳ кунам ва барои як муддати номуайян бо ӯ робита дошта бошам. Фиқҳи ҳанафӣ чӣ назар дорад?
Аброр, ш. Ваҳдат.

Пешниҳоди ин зан аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ мамнуъ ва ҳаром буда, як амали номашруъ ба ҳисоб меравад, фарқ надорад, ки кадом равия ин амалро ҷоиз медонад. Чунки ин амал бо ҳадиси Расули Худо (с) бар ин уммат то рӯзи қиёмат ҳаром гардонида шудааст. Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки фармуд: “Расули Худо (с) ҳангоми ҷанги Хайбар аз никоҳи мутъа бо занон ва аз хӯрдани гӯшти харҳои аҳлӣ манъ карданд”. (Ривояти Тирмизӣ)

Ин гуна никоҳҳое, ки шумо мисол овардаед, ҳам зино ва ҳам ноэҳтиромӣ нисбати муқаддасоти дини мубини Ислом маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, бародари азиз, аз ин гуна амалҳо даст кашидан ибодат аст.

Ҳар гурӯҳе аз номи дини Ислом ҳар сухане мегӯяд, маънояш ҳукми шариатро намегирад, балки дин соҳиб дорад, яъне Худову Паёмбар (с) ва соҳибони мазҳаб, ки мо ба онҳо пайравӣ мекунем. Агар бо касе никоҳ кардан хоҳӣ, барои ҳамеша никоҳ кун, на барои муддате, чунки никоҳ сабаби такмил шудани имон ва боиси эмин мондан аз гуноҳон аст, на ин ки инсон ба сабаби никоҳ худ муртакиби гуноҳ шавад. Худованд мову шуморо дар паноҳи исмати худаш нигоҳбон бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Миша 2023-09-24, 18:48
Мебахшеду одамхо нафс доранд, чи зану чи мард. Аз ин бармеояд ки шумо тарафдори зиноед. Яьне никох накарда чукака дар қулак монда кайф карда гардед. Намедонм ростӣ!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Миша 2023-09-24, 18:48
Мебахшеду одамхо нафс доранд, чи зану чи мард. Аз ин бармеояд ки шумо тарафдори зиноед. Яьне никох накарда чукака дар қулак монда кайф карда гардед. Намедонм ростӣ!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД