Аксари мардони тоҷик маҷбуранд, ки барои пеш бурдани зиндагии оилаашон ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Донистан мехостам, ки аз нигоҳи Ислом пас аз оиладор шудан, ҳар сол як моҳ дар назди занаш монда, 11 моҳи дигарро дар хориҷа гузаронидани марди мусалмон ҷоиз аст ё не? Чун мегӯянд, ки агар марду зан 6 моҳ аз ҳам ҷудо бошанд, никоҳашон халадор мешавад ва бояд аз нав никоҳ кунанд.
МУФАЗЗАЛ, муҳоҷир
Посухи домулло Хомӯшӣ:
- Бародари азиз, агар сабаби дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардани марди мусалмон ягон зарурати рӯзгор, аз қабили таҳсил, тиҷорат ё ба даст овардани маблағ барои таъмини зиндагӣ ва маишати аҳли хонавода бошад, боке надорад. Аммо бе ягон сабаб моҳҳову солҳо занро танҳо монда рафтан раво нест. Худованд марду занро барои ҳамдигар офаридааст. Шавҳар бояд ҳамеша дар бари ҳамсараш бошад ва ниёзҳои ӯро қонеъ гардонад. Дар масъалаи халалдор шудани никоҳ ин ақида асос надорад, зеро марди муҳоҷир барои таъмини оила ба мусофират меравад ва ӯ пайваста бо хонавода дар иртибот аст.