Ман бо духтаре номзад ҳастам. Қарор буд, ки баъди Рамазон тӯйи хонадоршавии мо баргузор шавад. Аммо аз ҷониби арӯс мегӯянд, ки никоҳ дар байни ду ид раво нест. Мехоҳам назари шариати исломро дар ин маврид бидонам.
САВРИДДИН, ш. Хуҷанд
Посух:
- Дар ин хусус борҳо тариқи саҳифаи “Оила ва Ислом” посух додаем. Аммо муттассифона, ҳоло ҳам дар байни мардуми мо чунин хурофот, ки асоси шаръӣ надорад мавҷуд аст. Дар ҳақиқат, дар баъзе кишварҳои ҷаҳон дар байни идҳои Рамазон ва Қурбон оиладор намешаванд, ва никоҳ намекунанд, аммо аз нигоҳи шариати ислом ин ақида ягон асос надорад. Шояд, ин бастагӣ дорад ба урфу одат ва анъанаҳои ин миллатҳо. Пайғамбарамон (с) бо ҳазрати Оиша (р) дар моҳи Шаввол оиладор шуда буданд. Вақте ки шартҳо ва имконот мусоидат мекунанд, новобаста аз он ки байни ду ид аст, ё не, метавонед бемалол никоҳ кунед. Арӯсӣ кардан дар дини ислом ҳамеша ҷоиз аст.