Arzon march 2024
Никоҳ байни кадоме аз хешу таборон манъ аст?
04.04.2023
ОИЛА
1138

 


Ба саволҳои хонандагони мо адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Бастани ақди никоҳ байни кадоме аз хешу таборон манъ аст? Масалан, бастани ақди никоҳ байни холабачаҳо мумкин аст ё не?
Ёрмуҳаммад, шаҳри Душанбе.

Ҷавоб:
Мувофиқи талаботи Кодекси оила, ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ);
- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва угай (ки аз як падар ё модаранд);
- байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;
- байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;
- байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
- байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон.
Бастани ақди никоҳ дар байни холабачаҳо манъ мебошад, чунки чунин ақди никоҳ байни хешутаборони наздик эътироф шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД