Фирӯз ном ҷавоне се маротиба ба духтарамон хостгор фиристод. Азбаски духтари мо донишҷӯ буду нав дар курси дуюм мехонд, барои оиладор шуданаш ҳоло барвақт аст гуфта хостгоронро гусел намудем. Ин бача одам не, як балои азим будааст, баъди рад кардани мо ҳам думи духтарамро сар надода, мудом пеши роҳашро гирифта таҳдид мекардааст, ки агар ба хубӣ зани ман нашавӣ, ягон рӯз туро мекушам.
Ту танҳо ду роҳ дорӣ, насиби ман мешавӣ ё ба ягон кас намерасӣ… Таҳдидҳои ҷавонро шӯхӣ мепиндоштам, вале як шом аз кор баргашта оташ гирифтани хонаамро дидаму ҳуш аз сарам парид. Духтарам бо тамоми овоз фарёд зада, ҳамсояҳоро ба ёрӣ мехонд. Ҷонҳавл ба боло давидам, духтарам Нигина кӯрпаҳои оташгирифтаро аз тиреза ба берун ҳаво медод. Дарҳол ба сӯхторхомӯшкунакҳо занг задам, вале то онҳо расида омаданд, ки нисфи бисотамон дар коми оташ сӯхта ба як каф хокистар табдил ёфт. Пас аз хомӯш кардани сӯхтор аз духтарам пурсидам, ки чи ҳодиса рӯй дод
Нигина оби чашмашро поккунон гуфт: «Аз маршировка бармегаштам, ки баногоҳ балои аз таги по баромада барин Фирӯз аз рӯ ба рӯям пайдо шуд ва аз дастам кашола карда хост маро зӯран ба мошин савор кунад. Муқобилият карда гуфтам, ки агар ба хубӣ дастамро сар надиҳад, аз рӯйи вай ба милиса шикоят мекунам. Фирӯз дастамро сар доду заҳрханда карда рафт. Хайрият ҷонам халос шуд гуфта ба хона омадам. Нав либосҳоямро иваз карда будам, ки бӯйи ғализи бензин ба машомам расид. Тозон ба берун баромада дидам, ки касе аз пушти дар гӯгирдро оташ зада партофту гурехт. Боварии комил дорам, ки ин кори дасти Фирӯзи шайтонсират аст. Намедонам ин бача аз мо чӣ мехоҳад, ҳарчанд кӯшиш мекунем, на ба хубию на бо гандагӣ ӯро аз сари роҳи Нигина дур карда наметавонем. Бесоҳибҳо барин доим дар кӯчаи мо саланг-саланг мегардад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед! Аз ин домоди хира чӣ хел халос шавем?
Модари зору ҳайронмонда: Латофат