Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба баргузории консерти се ҳунарманди шинохта иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ба истиқболи Соли Нави мелодии соли 2023 дар майдони “Арчаи солинавӣ” - и гулгашти Камоли Хуҷандӣ шоми 27 декабр консерти сароянда Нигина Амонқулова, шоми 28 декабр консерти ҳунарманди шинохта Мубориз Усмонов ва шоми 29 декабр косерти ситораи эстрада Ҷонибек Муродов баргузор мегардад.