Нигина Амонқулова яке аз зеботарин бонувони саҳнаи эстрадаи тоҷик ва ситораи дурахшони ҳунар мебошад.
Ин бонуи зебо бо садои ба мисли булбул ширини худ ва оҳангу таронаҳои дилкашаш дар дили ҳазорон-ҳазор мухлисони савту наво маъво гирифтааст.
Шумораи обуначиёни ин маликаи ҳунар ду рӯз қабл ба як миллион нафар расид.
Сарояндаро дар сторизи инстаграм дӯстону ҳаводоронаш табрик намудаанд.
Одатан вақте ки блогерон ва сарояндаҳову ҳунармандон соҳиби 1 миллион обуначӣ мешаванд, миллионер шуданашонро хеле бошукӯҳ-бо шириниву аксҳо ҷашн мегиранд, аммо ин бонуи ҳунар миллионер шуданашро бо тантана ҷашн нагирифт. Амонқулова танҳо дар сторизи “Инстаграм” дар ин бора хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки Нигина Амонқулова- 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст". Ин бонуи ҳунар дар ҳамин шаҳри бостонӣ ба воя расида, баъди хатми мактаби миёна ба коллеҷи тиббии Панҷакент дохил мешавад, вале баъдан тақдир Нигинаро ба роҳи дигар бурда, санъаткор кард.
Қадамҳои аввалини Нигина Амонқулова ба ҷодаи санъат аз озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” оғоз ёфтааст. Як таронаи дилнавозе, ки Нигина дар ин озмун суруда буд, роҳи ӯро ба ҷодаи ҳунар боз карда, дар як муддати кӯтоҳ Нигина Амонқуловаро ба қатори ситораҳои санъати тоҷик дохил карда, маъруф ва маҳбуби ҳамагон гардонд. Айни замон Нигина Амонқулова яке аз беҳтарин сарояндагони тоҷик ба шумор рафта, мухлисони сершумори хуро дорад. Ин бонуи сар то по ҳунар соҳиби ду писар мебошад. Таронаҳои Нигина Амонқуловаро дар сегменти ютуб миллионҳо нафар тамошо карда ба ҳунари воло ва овози форами ин сароянда аҳсану офарин мехонанд. Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Нигина Амонқуловаро ба 1 миллион шудани обуначиёнаш сидқан муборакбод гуфта, ба ин сарояндаи маъруф ва маҳбуб парвозҳои аз ин ҳам баландтари эҷодӣ таманно менамоянд.