formula
Неймар ба “Челси” мегузарад
342

 

Ҳамлагари дастаи “ПСЖ” – Неймар эҳтимол аст, ки тобистони имсол ба тими “Челси” гузариш кунад. Дар ин бора сомонаи “The Mirror” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар равзанаи интиқоли тобистона, бозигар метавонад ба як бозигари дастаи шаҳри Лондон табдил ёбад. Соҳибмулки тими “Челси” - Тодд Боули дар аввали соли 2023 бо президенти бошгоҳи “ПСЖ” - Носир Ал-Хелайфи мулоқот карда, дар бораи интиқоли эҳтимолии бозигар гуфтугӯ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки футболбози 31-солаи бразилӣ дар ин мавсим дар ҳайати “ПСЖ” дар 20 бозӣ ба майдон баромада, 13 гол ва 11 ирсоли головар анҷом додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД