Илтиҳоби танаи асаби перифериро дар тиб неврит мегӯянд, ки дар натиҷаи пайдошавии он кашишхӯрии пӯст ва халал ёфтани ҳаракат мушоҳида мешавад.
Сабабҳои неврит чист?
Неврит бо сабабҳои зиёд падид меояд. Аксаран ин беморӣ бар асари илтиҳоби ҷароҳатҳои қаблӣ, мавзеи сироятёфта ва илтиҳоби бофтаҳо, инчунин артрит, ки бар асари он буғумҳо деформатсия, яъне каҷ шуда, торҳои борики асабро фишор медиҳанд, пайдо мешавад. Невритҳои сершумори асабҳои периферӣ ҳамчунин дар натиҷаи заҳролудшавии умумии бадан, сироятҳои бактериявӣ ва вирусӣ, патологияҳои рагҳо, кашишхӯрии мушакҳо ва норасоии витаминҳо низ пайдо шуда метавонанд.
Одам аз кадом намуди неврит азият мекашад?
Қисме аз бадани инсон, ки аз асабҳо ва мушакҳо иборат аст, метавонад ба ҳолатҳои ногувор гирифтор шавад.
Неврити асаби рӯй, осеби илтиҳобии асаб, ки мушакҳои нисфи рӯйро идора мекунад, ҳангоми илтиҳобёбӣ дарди халанда дорад.
Невритҳои асаби миёна - осеби асаби кафи даст ва се ангушти аввали даст, ки бо вайрон шудани вазифаи ангуштон оварда мерасонад, дарди сӯрохкунанда ва халалдоршавии ҳиссиёт дорад.
Неврити асаби сиатикӣ, яъне илтиҳоби асаби калоне, ки аз думғоза ва пушти по мегузарад, ҳангоми халалёбӣ боиси каҷшавии сутунмӯҳра ва чурраи байни сутунмӯҳра мегардад.
Неврити акустикӣ, ки дар натиҷаи сирояти музмин ё шадид, заҳролудшавӣ ё истифодаи дарозмуддати доруҳо, ки бо камшавии умумии шунавоӣ, садоӣ, занг дар гӯшҳо, паст шудани ҳассосият ба садоҳои баланд ё паст ба миён меорад, падид меояд.
Кадом муоинаҳо невритро муайян мекунанд?
Неврит аломатҳои намоён дорад ва дар асоси натиҷаҳои муоинаи беруна ва шикоятҳои беморон ташхис карда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки дар заминаи ин ё он беморӣ неврит пайдо мешавад, духтур муоинаҳои иловагиро мегузаронад.
Ба кадом духтур муроҷиат кунам?
Дутури асабшинос бемории невритро табобат мекунад, вале беморӣ дар натиҷаи ҷароҳат ё фишори доимӣ ба вуҷуд омада бошад, бояд ба ҷарроҳ муроҷиат кунед. Агар сабаби неврит тиротоксикоз ё диабети қанд бошад, табобат аз ҷониби эндокринолог гузаронида мешавад. Дар ҳолати мушкилоти гардиши хун, машварат бо кардиолог зарур аст.
Табобати неврит
Барои табобати неврит, духтур сабабҳои пайдоиши онро муайян намуда, табобати мувофиқро таъин мекунад. Барои невритҳое, ки дар натиҷаи осеб ба вуҷуд омадаанд, тавсия дода мешавад, ки табобати доруворӣ натиҷа намедиҳад ва барқароршавии асаб ғайриимкон аст.
Барқароршавии пурра дар 75 фисади беморони неврит, ки саривақт ба духтур муроҷиат карда, табобат гирифтаанд, имконпазир аст. Агар неврит дар тӯли зиёда аз се моҳ табобат карда нашавад, дар натиҷа боиси пайдоиши омилҳои дигари хатарзо барои саломатии шахс мешавад, ки ба фалаҷшавии узв, пусиш ё бекоршавии мушакҳои мавзеӣ оварда мерасонад.
Роҳҳои пешгирӣ аз неврит
- Кӯшиш кунед, ки ба кашишхӯрии асаб ва мушакҳо бетараф набошед.
- Эҳтиёт намоед, то ки ба асабҳо осеб нарасонед, вале рафту чунин ҳолатрух диҳад, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
- Ҳамеша ба тарзи ҳаёти солим амал кунед ва ғизоҳои солимро истеъмол намоед.
- Аз истифодаи машрубот, тамокукашӣ ва дигар одатҳои бад даст кашед.
- Масъунияти худро баланд бардоред, то ки организм тавонад шуморо аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намояд.