orienbank akciya
Некрӯз Худойбердиев: Дар муҳоҷират блогер шудам
09.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1895

Некрӯз Худойбердиев аз ҷумлаи машҳуртарин блогер ва вайнерони тоҷик аст, ки ҳоло дар Инстаграм зиёда аз як миллиону дусад ҳазор обуначӣ дорад. Агар наворҳои аксар блогеронро 50-100 ҳазор нафар тамошо кунаду онҳоро мо машҳур номем, пас, аксари видеоҳои Некрӯзро миллионҳо кас тамошо мекунанд. Фикр мекунем, аудиторияи Некрӯз ӯро хеле хуб ҳис мекунанд, дастгирӣ менамоянд ва рӯз аз рӯ зиёд шуда истодаанд.

Мавзӯи марказии наворҳои Некрӯз ҳаҷвӣ аст, аммо дар баробари чунин видеоҳо, инчунин, бо ҳамсари худ Муаттара Насриддинова, ки ӯ низ блогер мебошад, бештар дар мавзӯи муносибати як ҷуфти ҷавон матлаб омода мекунанд. Барои мисол, онҳо бисёртар рашки зан нисбат ба мардро нишон медиҳанд, ки аз мавзуъҳои ҷолиби ҷомеаи мо мебошад.

Аз мушоҳидаи як саҳифаи Некрӯз хулоса кардан мумкин аст, ки ӯ блогери сарсарӣ нест ва ин корро ҳамчун фаъолияти асосиаш қабул кардаву аз таҳти дил меҳнат мекунад. Сифат ва мундариҷаи видеоҳояш хеле хуб ва диққатҷалбкунандаанд. Ӯ метавонад бо наворҳои ҷолиб, ки бевосита бозгӯяндаи ҳаёти имрӯз ҳастанд, таваҷҷуҳи мардум, хусусан ҷавононро ҷалб кунад.

Некрӯз дар як мусоҳиба пеш аз машҳур шуданашро чунин тавсир мекунад:

- Соли 2016 монанди садҳо ҷавони тоҷик ба Федератсияи Россия ҳамчун муҳоҷир омадам. Дар муҳоҷират ҳама корро кардам, аз ҷумла корҳои ошхона, фаррошӣ, сохтмон ва ғайраҳо. Аммо баъд, ба хулосае омадам, ки зиндагиам набояд чунин идома ёбад, набояд ҳамеша дастнигари корфармое бошаму моҳҳо маошро интизор шавам. Ҳамин тавр, роҳи блогериро пеша кардам ва шукр, то имрӯз расидам.

Некрӯз аз соли 2017 ба фазои блогинг омада, дар ин муддат худро ҳамчун блогери фаъол нишон додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД