Formula novemver 2024
Назорати забондонии муҳоҷирон дар Русия боз сахттар шуд
1182

Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки назоратро аз рӯйи сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯртар гардонад. Дар ин бора алакай қарори далхдор қабул шудааст.

Тавре расонаҳои русӣ, аз ҷумла lenta.ru хабар медиҳад, сатҳи забондонии шаҳрвандони хориҷиро ҳатто баъди гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ низ қатъиян назорат хоҳанд кард.

Бояд зикр намуд, ки санҷиш натанҳо аз болои муҳоҷирони меҳнатӣ, балки аз рӯйи идораву муассисаҳое низ пурзӯр карда мешавад, ки аз муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳон гирифта ба онҳо сертификат медиҳанд. Натиҷаи имтиҳонот ҳар семоҳа ҷамъбаст карда мешавад, агар шумораи сертификатҳои додашуда нисбат ба ҳамон давраи соли гузашта се баробар зиёд шуда бошад, ин барои имтиҳонгирандагон дарди сар хоҳад гашт. Дар сурати дар тӯли ним сол умуман ба касе сертификат надодан низ муассисаҳои таълимӣ бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Аммо беш аз ҳама муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳушёр бошанд, зеро доштани сертификат низ шаҳрвандони хориҷиро аз санҷиш озод намесозад. Мақомотҳои марбута тез-тез дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ санҷиш мегузаронанд. Дар рафти санҷиш нутқи шифоҳӣ-гуфтугӯӣ ва хаттӣ, яъне навишти муҳоҷирони меҳнатӣ санҷида мешавад. Дар сурати ба саволҳои додашуда ҷавоби саҳеҳ дода натавонистани муҳоҷир сертификат ва патенти ӯ бекор карда шуда, худи муҳоҷирро аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ намуда метавонанд.

Донистани забони русӣ, эҳтироми фарҳанг ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ ва риояи қонун аз зумраи талабтҳои асосие мебошад, ки Россия дар назди муҳоҷирони меҳнатӣ гузоштааст. Шахсоне, ки забонро намедонанд, бо забони русӣ озодона сухан гуфтаву навишта наметавонанд, фарҳанг ва урфу одатҳои мардуми маҳаллиро эҳтиром намекунанд ва қонуншиканӣ менамоянд, минбаъд дар Русия кор карданашон амри маҳол хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД