Дуздӣ амали пасту нангин буда, шахсе, ки даст ба ин кор мезанад, дар ду дунё шармандаву рӯсиёҳ хоҳад гашт. Бадбахтона, дар ҷомеаи мо афроде ҳастанд, ки гуноҳи азим будани дуздию ғоратгариро дидаву дониста, даст ба ин амали ғайри инсонӣ рӯ меоранд.
Маъмулан, дуздон ба хотири ба дасти овардани ғанимат ва пули муфт дар зери пардаи торикӣ молу амволи дигаронро мерабоянд, аммо коре, ки як ғоратгари хуҷандӣ кард, касро ба андеша мебарад, ки ҳадаф дуздӣ буд ё қасосгирӣ.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикисон аз боздошти як сокини шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст. Ин ҷавони 19-сола аз салони автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz» пул ва ду гушмонаки бе ноқилро ба яғмо бурда, баъдан худи автомашинаро оташ задааст.
Нисбати ин ҷавони яғмогар, ки бо амали ноҷавонмардонааш ба соҳиби мошин ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ зарар расонид, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, афтишоти ин қазия аз ҷониби мақомт идома дорад.