formula feb 2025
Наврӯзи муборакқадам (ҚИСМИ 4)
23.03.2025
АРДАШЕР
726

Дар хонаи Зумрадхола ҳам имрӯз дастаҳои карнайнавозӣ омада ҳунарнамоӣ карданд, ҳей карнай кашиданд. Барои меҳмонон, ки ба суманакпазӣ омада буданд, садои карнай басо мувофиқ афтод. Ҳамагон зери навои карнай дар наврӯзӣ рақс мекарданду рақс мекарданд.

Холаи Зумрад ба карнайнавозони омада ғайр аз шодиёнаву рӯймол дар қуттичаҳои махсус суманак эҳдо мекард, то онҳо низ аз хӯроки баҳорӣ баҳра баранд.

Замира ҳам ба муборакбодии Зумрад омад. Дугонаашро барои наберадор шуданаш табрик кард.

- Номи набераҳоро чӣ мондед, дугона?,- пурсид Замира.

- Писарашро Наврӯзу духтарашро Баҳор. Охир, дар фасли баҳору иди Наврӯз таваллуд шуданд,- хушҳолона гуфт кампир.

- Ҳа, Илоҳо роҳи келини шуморо ба келини ман ҳам диҳад. Кош дар ҳамин шабу рӯз ӯ ҳомила мешуд. Ба тӯяшон ҳам 4 сол шуд. Дугона, аз ҳама савдои душвор дар зиндагӣ ҳамин фарзанддор шудан будааст. Ҳама чизро ёфтан мумкин, аммо зуд соҳиби фарзанд шудан душвор. Ғайр аз ин, қариб ҳар рӯз мардум мепурсад, ки дар келинат навгоние ҳаст? Ҳамааш майлаш, ба ҷои он, ки хайр сабр кун, Худо хоҳад соҳиби фарзанд мешавад, ҳоло ҳаёташ дар пеш, ҷавон аст гӯянд, келини нозойро чӣ кор мекунӣ? Шартӣ ҷудо кун, халос мегӯянд. Охир, Худованд фарзанд диҳад, неъмат, надиҳад, ҳикмат. Ҳама чиз вақту соат дорад. То вақту соати қалами тақдир расида нарасад ҳеҷ чизе намешавад.

- Бале дугона. Ман ҳам ҳомилашавии келинамро панҷ не, даҳ не, понздаҳ сол интизор шудам. Сабр талх бошад ҳам, мевааш ширин мегӯянд. Ана ҳамин меваи ширинро ман дидам.

Ҳамин замон ба телефони Замира занг омад.

- Лаббай келин, гӯш мекунам,- баъди чанд лаҳзаи сукут аз чашмони кампир ашк шорид,- худатонро эҳтиёт кунед, кори вазнин накунед. Ман ҳозир тез меравам.

- Ҳа Замира, ба ту чӣ шуд? Тинҷӣ аст?

- Ҳа тинҷӣ, дугона. Маро ҳам табрик кун.

- Ба хайр?

- Келинам беморхона рафта буд. Ҳозир занг зад, ки ҳомила будааст.

- Илоҳо ҳама ба чунин рӯзи нек расанд. Ҳама соҳиби фарзандони солиму солеҳ гарданд. Волидон ҷигарбандонашонро дар роҳу росту дуруст тарбия кунанд. Онҳоро ватандӯсту меҳанпарвар ба воя расонида, барои шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор кунанд. Ватан бо ин фарзандонаш фахр кунад. Боз мо кампиракон то Наврӯзи дигар дар ҳалқаи наберагон ҷавлон занем,- дуо карданд кампирон.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД