formula feb 2025
Наврӯзи муборакқадам (ҚИСМИ 3)
22.03.2025
АРДАШЕР
465

Сабзаҳои дамондаи Зумрадхола омода шуда буданд. Кампир хешу табори наздикашро ба суманакпазӣ давъат кард. Чун ҳар дафъа дастурхони наврӯзӣ ороста буд.

Шабонгоҳ ҳама ғарқу барқи суманакпазӣ буданд. Пиру ҷавон ба навбат бо ниятҳои нек деги суманакро мекофтанд. Духтаракон бошанд, сурудҳои наврӯзӣ мехонданд. Ё сурудҳои наврӯзии сарояндагонро монда, зери савту наво мерақсиданд.

Ҳама даври суманак шабамон рӯз кунем,

Ба лаб оҳангу суруд, ҳама Наврӯз кунем.

Чунин буд суруду таронаҳои онҳо. Ҳама машғули суманакпазиву рақсу бозӣ буданд, ки келин хушдоманро фарёд кард.

- Модарҷон, ба фикрам вақту соаташ расидааст,- гуфт каме нолаи сабук карда, келин.

- Э, рост мегӯед, келин?

- Бале, сабр кардан ғайриимкон аст.

Ҳама рақсу бозӣ мекарданду дар як тараф суманак билиқ-билиқ меҷӯшид. Зумрад ба зудӣ келинашро ба таваллудхона бурд. Хурсандии кампирро ҳадду канор набуд, зеро келинаш 15 сол дар интизори фарзанд буд. Соате нагузашта, духтурон мужда доданд, ки келини холаи Зумрад дугоникҳоро ба дунё овард. Яке писар, дигарӣ духтар. Кампир аз кисааш ба ҳамаи нафароне, ки дами дар интизори пайвандонашон буданд, шодиёна дод. Ӯ гӯё болу пар бароварда буду парвоз мекард.

- Ниҳоят пас аз 15 соли интизорӣ келинакам соҳиби як не, ду фарзанд шуд. Ин ниҳоят неъмату раҳмати бузурги Офаридгор аст, ки насиби мо гашт,- хушҳолона мегуфт ӯ.

                                                           ***

Дар хонаи холаи Зумрад наврузӣ идома дошт. Суманак ҳам қариб пухта буд. Пас аз чанд соат суманакро ҳам дам партофтанд. Хурсандии ҳозирин ҳадду канор надошт. Охир баъди 15 сол соҳиби яку якбора ду фарзанд шудан насиби ҳар кас ҳам намешавад.

Дар шаҳри бостонии Истаравшан анъанае ҳаст, ки тӯли садсолаҳост амал мекунад. Дар ҳар хонадоне, ки меҳмони нав (кӯдак) таваллуд мешавад, ҳатман дастаҳои карнайнавозон дар алоҳидагӣ омада карнайнавозӣ мекунанд ва аз ин муждаи нек ҳаққу ҳамсояро хабардор месозанд. Ин дастаҳои карнайнавозӣ дар хонаи ҳар ду қудо рафта ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳо бар ивазаш шодиёна медиҳанд ва ё дар карнайҳо рӯймолҳои миллӣ мебанданд. Ҳатто дар баъзе маврид ҳамсояҳо ҳам омада ба нияти он ки онҳо низ соҳиби набера шаванд, рӯймол медиҳанду ба шодии онҳо шарик мешаванд.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД