Arzon march 2024
Наврӯзи муборакқадам (ҚИСМИ 1)
20.03.2025
АРДАШЕР
759

Холаи Зумрад ҳамин ки баҳор омад, серкору сертараддуд мешавад. Зеро ҳамасола дар ин фасли зебои фарвардин дар хонааш дег мегузораду суманакпазӣ мекунад.

Ҳаққу ҳамсоя, хешу табор, ёру рафиқ ва дугонаву ҳамсинфонаш кайҳо ба суманакпазии Зумрадхола одат кардаанд. Ба қавле, дар айёми Наврӯзи некпай як пиёла суманаки болаззати холаро интизоранд. Чун кампир ҳамаи онҳоро даъват накунад ҳам, аз суманаки пухтааш онҳоро баҳравар месозад.

Зумрадхола як хислати аҷоиб дорад, ҳар он чизе, ки аз дастурхони дар иди Наврӯз ё айёми суманакпазияш боқӣ мемонад, ба беваву бечорагон, ё ятимону маъюбон эҳдо мекунад. Агар чунин ниёзмандонро наёбад, ҳатман ба хонаи ятимон мефиристад...

Зумрадхола дар ин шабу рӯз ҳам серташвиш аст, чунки аллакай дар ғами гандум гузоштану сабзадамонист. Айни вақти сояофтоб кардани гандум дугонааш Замира дари холаро кӯфта омад.

- Зумрад, ҳой Зумрадой, дар хона ҳастед дугона?,- бо овози баланд ҷеғ зад кампир.

- Бале, бале, дар хонаам. Э, киҳоро мебинам... Ассалому алайкум. Биёед Замирҷон. Хуб ҳастед, саломатиатон нағз?,- гарму ҷӯшон ҳолпурсӣ карда, ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд кампирон.

- Воалейкум бар салом дугона. Шукр раҳмат, шумо чӣ ҳол доред?

- Майда-майда аз пайи дамондани сабзаи суманак ҳастам,- табассум карда, як-як сабзаҳои дамондаашро нишон дод хола.

- Ҳа, монда набошед. Аллакай сабзаҳотон дамидааст. Хато накунам, қариб сӣ сол мешавад, ки дар хонаатон суманак мепазед?,- пурсид Замира аз сабзаҳои навдамидаи дугонааш ба ҳайрат омада.

- Бале, бовар кунед. Ин ба ман як одат шудааст. Ҳамин, ки баҳор омад, агар суманак напазам, дилам хиҷил мешавад. Ба хӯрдани суманак одат кардаам, охир ба ҳазору як дард даво мегӯянд. Ҳарчанд дар бозорҳо қариб аз нимаҳои моҳи январ суманак мефурӯшанду харида мехӯрам, вале суманаки бо дастони худат пухта боз лаззату кайфияти дигар дорад. Охир, дар пухтани суманак ҳама сарҷамъ мешаванду хушҳоливу хурсандӣ ва рақсу бозӣ мекунанд.

- Беҳтарин! Бовар кунед дугона, ба шумо ҳавасам меояд.

- Саломат бошед, дугонаҷон!

- Ин ҳамаро бо маблағи фарзандон мекунед?

- Э не-е дугона, кори хайру сахоро инсон бояд бо маблағи ҳалоли ёфтаи худаш кунад, ки аҷру савобаш ба худаш расад. Агар ман имсол ба 68 дароям, аз рӯзи оиладориям то имрӯз ба пули касе эҳтиёҷманд нашудаам. Маро медонед-ку, ҳунармандам. Аз пули рӯймолу тоқиҳои миллии медӯхтаам ин ҳамаро мекунам.

(Давом дорад)

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД