Commerc banl
Наврӯз дар Тоҷикистон имсол 5 соат дертар фаро мерасад
124

Дар кишвари мо имсол Наврӯз санаи 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳо ин ҳодисаро “таҳвили сол” унвон додааст.

“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-ул-буруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”,- изҳор доштааст Бӯризода.

Соли 2025 дар Тоҷикистон Наврӯз санаи 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро расида буд, вале имсол нисбат ба соли қаблӣ 5 соат дертар фаро мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД