goodwell
Наврасони Тоҷикистон ба даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтанд
33

Наврасони Тоҷикистон ба даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтанд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон бо мунтахаби Сенегал мусовӣ карда, роҳхати даври 1/16-ниҳоии мусобиқаро ба даст овард.

Вохӯрии дастаҳо 26-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Ягона голи мунтахаби Тоҷикистонро Меҳрубон Одилзода аз зарбаи пеналтӣ ба самар расонд.

Бо ин натиҷа наврасони тоҷик шумораи имтиёзҳояшонро ба 4 расонда, дар байни беҳтарин дастаҳои ҷойи сеюми гурӯҳҳо қарор гирифтанд ва аз гурӯҳи «F» ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД