sebiston july new
Навраси тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд
1018

Ёсамин Хоҷаева, шоҳмотбози даҳсолаи тоҷик  дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои мактаббачагон, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, мақоми аввалро ишғол намуд. 

Ӯ дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар Қазоқистон чемпионати хеле хуб баргузор шуд, ҳарчанд орзу мекардам, ки ғолиб шавам, аммо аз худам чунин муваффақиятро интизор набудам.

"Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд. Ман кӯшиш мекунам, ки минбаъд низ дар сатҳи баланд баромад кунам ва медалҳо ба даст орам", - гуфтааст, қаҳрамон навраси тоҷик. 

Тими Тоҷикистон, ки 5 шоҳмотбозро дар бар мегирифт, ба Тоҷикистон баргашт. Дар ин мусобиқа тақрибан 400 кӯдаку наврас аз 53 кишвари ҷаҳон гирд омада буданд. 

Чунин мусобиқаҳо дар таърихи шоҳмот бори аввал гузаронда шуданд, зеро дар онҳо на донишҷӯён, балки мактаббачагони ҳаваскор иштирок доштанд. Ёсамин Хоҷаева бо 5,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД