Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни дуюм - тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 иштирок кардаанд, эълон намуд.
Бино ба иттилои ММТ, барои эълони натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон аз хизматрасонии ирсоли паёмакҳо ва кабинетҳои инфиродии довталабон истифода карда шудааст. Вобаста ба ин дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 12 то 15-уми август аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шудааст.
Инчунин маълумоти муфассал дар ин хусус, аз ҷумла балли умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва балли гузариш дар доираи ҳар комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар довталаб ҷойгир карда шудааст.
Ёдрас менамоем, ки бо мақсади шинос шудан бо натиҷаҳои озмуни дуюм - тақсимоти такрорӣ довталаби барои иштирок дар ин озмун аз нав номнависшуда бояд аз кабинети инфиродии нав истифода кунад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш сабт шудааст, истифода намояд. Кабинетҳои инфиродии нави довталабон 19-уми август фаъол карда шудаанд.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.