Натиҷаҳои озмун моҳи сентябр ҷамъбаст мешаванд
Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» ҳамоно ҷомеаи тиббӣ ва беморонро аз тамоми минтақаҳои кишвар муттаҳид месозад. Ҳар рӯз иштирокчиёни нав ба лоиҳа ҳамроҳ мешаванд ва сокинони Тоҷикистон ҳарчи бештар дар бораи табибон фикру мулоҳизаҳои худро дар платформаи САМТ менависанд.
То имрӯз дар платформаи САМТ зиёда аз ду ҳазор табиби ихтисосҳои гуногун ба қайд гирифта шудаанд. Дар байни иштирокчиён ҳам мутахассисони ҷавоне ҳастанд, ки тоза роҳи касбии худро оғоз кардаанд ва ҳам табибони соҳибтаҷрибае, ки даҳсолаҳои умри худро ба соҳаи тиб бахшидаанд.
Омори фосилавии озмун иштироки васеи ҷомеаи тиббиро нишон медиҳад:
• зиёда аз 1 000 табиб бо таҷрибаи кори зиёда аз 20 сол;
• зиёда аз 500 мутахассис бо таҷрибаи кори зиёда аз 4 сол;
• зиёда аз 300 табиб бо таҷрибаи кори зиёда аз 10 сол;
• зиёда аз 200 мутахассиси ҷавон бо таҷрибаи кори то 3 сол.
Дар озмун табибони дорои дараҷаҳои гуногуни тахассусӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, зиёда аз 800 табиби дараҷаи олӣ, зиёда аз 200 табиби дараҷаи якум ва зиёда аз 200 табиби дараҷаи дуюм. Дар байни иштирокчиён инчунин номзадҳои илмҳои тиб, докторони илмҳои тиб ва профессорҳо низ ҳузур доранд.
Озмун сатҳи баланди иштироки ҷомеаи тиббиро нишон медиҳад. Дар он намояндагони қариб ҳамаи самтҳои соҳаи тандурустӣ иштирок доранд: аз табибони оилавӣ ва терапевтҳо то ҷарроҳони дил, ҷарроҳони асаб, табибони бемориҳои сироятӣ, онкологҳо, табибони беҳискунӣ ва эҳёгарӣ, табибони ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) ва бисёр дигар мутахассисон.
Қисми муҳими озмун иштироки беморон мебошад. Маҳз фикру мулоҳизаҳои онҳо имкон медиҳанд дар бораи табибоне нақл карда шавад, ки ҳар рӯз ба одамон кумак мерасонанд, вале аксаран берун аз таваҷҷуҳи ҷомеа мемонанд. Барои бисёре аз табибон суханони самимии сипоси беморон арзишмандтарин қадрдонии меҳнати онҳост.
Ташкилкунандагони озмун аз сокинони кишвар даъват менамоянд, ки минбаъд низ табибони худро дастгирӣ намоянд, таҷрибаи табобати худро нақл кунанд ва дар платформаи САМТ фикру мулоҳизаҳои худро нависанд. Суханони самимии сипос на танҳо ба дигар беморон барои интихоби дурусти табиб кумак мекунанд, балки баҳои сазовор ба касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ низ мебошанд.
Аз табибоне, ки то ҳол дар платформа сабти ном накардаанд, даъват карда мешавад, ки ба Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҳамроҳ шаванд. Ин имкониятест, ки дар бораи худ, роҳи касбӣ, дастовардҳо ва принсипҳои фаъолияти худ нақл намуда, қисми як лоиҳаи бузурге гарданд, ки ба баланд бардоштани нуфузи касби табиб дар Тоҷикистон равона шудааст.
Озмун идома дорад ва ин маънои онро дорад, ки моро боз ҳикояҳои нав, иштирокчиёни нав ва номҳои нави табибоне интизоранд, ки Тоҷикистон ҳақ дорад аз онҳо ифтихор кунад.
Дар бораи озмун метавонед аз сомонаи www.samt.tj ва саҳифаҳои Facebook-и мо маълумоти бештар гиред:
https://www.facebook.com/fazoi.imkonot/
https://www.facebook.com/tandurusti.tj/