Шуруъ аз имрӯз метавон натиҷаи дархостро тариқи лотереяи “Грин-корт”, ки ҳуқуқи зиндагиро дар қаламрави Амрико медиҳад, санҷид. Давраи бақайдгирии он аз 4-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2023 баргузор гардида буд.
Ҳамин тавр, имшаб аз соати 21:00 ба вақти Душанбе шумо метавонед бо ворид кардани рақами тасдиқи худ дар суроғаи расмии лоторея (https://dvprogram.state.gov/) натиҷаи дархостатонро фаҳмед. Ин ягона роҳи тафтиш кардани “Green Card” аст.
Бо ин роҳ ҳар кадом аз иштирокчиёни лоторея ё бозӣ метавонанд мустақилона муайян кунанд, ки раводиди муҳоҷирати амрикоиро бурд кардаанд ё не.
Бояд донист, ки тасдиқи бурди “Грин-корт” ҳоло гирифтани онро ба дархосткунанда кафолат намедиҳад. Барои сафар ба Амрико ба ҳамаи талаботе, ки аз довталабони раводиди муҳоҷират тақозо мешавад, ҷавобгӯ будан лозим аст.