arzon replenishment
Насиҳати хушдоман ва асрори зиндагии як зани тоқидӯз
1843


Тоқӣ асрҳост, ки як ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ривояте низ вуҷуд дорад, ки мардони тоҷик аз замонҳои хеле қадим ҳамеша ба сар як навъ кӯлаҳпӯши махсус, яъне тоқӣ мепӯшиданд, ки ба тоҷ монандӣ дошт ва гӯё маҳз бо ҳамин сабаб дигарон аҳли ин миллатро тоҷик ном мебурдагӣ шуданд. Албатта ин танҳо як ривоят асту халос, вале тоқӣ ҳамчун рамзи ҷавонмардӣ маҳбубияти худро то ба имрӯз аз даст надодааст.

токимии

Мардони муосир то кунун дар тӯю маъракаҳо тоқӣ мепӯшанд ва занҳои гулдаст ба хотири қонеъ намудани талаботи мардум ба намудҳои гуногуни тоқӣ тоқидӯзиро пеша намуда, ҳамзамон нозукиҳои ин ҳунарро ба дигарон меомӯзонанд.
Қаҳрамони мо Фотима Расулова 56-сол дошта, қариб 30-сол боз бо тоқидӯзӣ машғул аст. Дар ин муддат ин зани гулдаст сирру асрор ва нозукиҳои касби худро ба 15-20 нафар занону духтарони маҳаллӣ омӯзонидааст ва имрӯз шогирдонаш зиндагии худро бо шарофати тоқидӯзӣ пеш мебаранд.
Апаи Фотима бисёр ҳунарманди моҳир буда, тоқиҳои дӯхтааш бо нақшу нигри дилкаш ва зебоии худ чашми бинандаро мебаранд, махсусан тоқиҳои "тоҷикниҳол", "гулдӯзӣ", "сафеддӯзӣ", "чоргул" "тоқичаи ироқӣ" ва "тоқичаи тӯёна"-и ин зани гулдаст ҳар кадом як олам роз доранд.
"Ҳар як тоқӣ ба худ рамзи махсус дорад, масалан чор гуле, ки дар болои тоқӣ дӯхта мешавад, рамзи шимол, ҷануб, шарқ ва ғарбро ифода мекунад”-мегӯяд апаи Фотима.
Маҳсули дасти ин зани чирадаст на танҳо то Душанбеву Хуҷанду Зафарободу Исфара, балки ба Андиҷону Намангон ва Самарқанду Бухорои Ӯзбекистон низ рафта расидааст.

шшшш
"ман ин ҳунарро дар хурдӣ аз модарам омӯхта будам. Баъди ба шавҳар баромадам фаҳмидам, ки хушдоманам ҳам ҳунарманд будаанд. Раҳматӣ хушдоманам доим мегуфтанд, ки келинҷон, агар касби маро бо ҳама нзукиҳояш омӯзед, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ хору зор намешавед. Ҳамин тавр шабҳо то як поси шаб мо, келину хушдоман нишаста тоқӣ медӯхтем. Акнун баъзан гуфтаҳои хушдоманамро ба ёд оварда, ман худ ба худ иқрор мешавам, ки дар ҳақиқат он кас ҳақ будаанд, чунки қариб 30-сол боз аз пушти ҳамин ҳунар ҳам худам нон мехӯраму ҳам оилаву фарзандонамро нон медиҳам. Шукрона мекунам, ки дар вақташ ин ҳунарро аз модар ва хушдоманам омӯхта дар зиндагӣ хор нашудам”- мегӯяд Фотима Расулова.
Аксари ҷавонзанон имрӯз аз хушдоман шикоят мекунанд, аммо апаи фотима мегӯяд "хушдоман сарпӯши дег аст" ва маҳз ҳидояту раҳнамоии модаршӯяш боис гаштааст, ки вай ин касбро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намуда, чунин ҳунарманди моҳир гардад.
Ин зани ҳунарманд ба тамоми бонувони тоҷик тавсия медиҳад, ки ба ҷойи рӯзи дароз ғайбату бадгӯӣ карда гаштан, ягон касбу ҳунар омӯзанд, зеро зане, ки касбу ҳунар дорад, ҳаргиз дар зиндагӣ хору зор намешавад...
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шохин 2022-01-25, 21:35
Салом ба хама марду зани мусалмон рости барои кумак ба инчо мурочиат дорам як бародар дар шахри краснодар ба мушкилие гиририфтор аст ва ба кумаки мо ниёз дорад хар касе чи кадаре ки метавонад кумак кунад аз барои Алох на аз барои минат ракамхои картаи збербанкш ва телефонш +79385062531
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шохин 2022-01-25, 21:35
Салом ба хама марду зани мусалмон рости барои кумак ба инчо мурочиат дорам як бародар дар шахри краснодар ба мушкилие гиририфтор аст ва ба кумаки мо ниёз дорад хар касе чи кадаре ки метавонад кумак кунад аз барои Алох на аз барои минат ракамхои картаи збербанкш ва телефонш +79385062531
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД