Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш дар Тоҷикистон пурра иҷро шуд
01.12.2025
Oila.tj
53

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пурра иҷро гардид. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.

Чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе низ аз аввалинҳо шуда нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.

Вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ сари вақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД