Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ 100% иҷро шуд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар додааст.
Ба зикри ин ниҳод нақшаи даъвати ҳарбиро тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ санаи 16-уми ноябр сад фоиз иҷро карданд. Вазорати мудофиа сабаби пеш аз мӯҳлат иҷро шудани нақшаро ба зиёд намудани корщои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони кишвар, фароҳам овардани шароитҳои хубӣ хизмат ва фаъолияти беҳтари комиссияҳои даъватӣ рабт додааст.
Вазорат гуфтааст, ҳарчанд, ки нақша ба пуррагӣ иҷро шуд, вале фаъолияти комиссияҳои даъватӣ идома меёбад.