Lmarka 2025
Нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ дар Тоҷикистон 100% иҷро шуд
118

Сухангӯи Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода аз 100% иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ дар тамоми ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 30-юми апрели соли 2025 нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид.

Фаридун Маҳмадализода дар суҳбат бо сомонаи Oila.tj гуфт, ки омилҳои асосии пеш аз муҳлат иҷро шудани нақша саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, бахшҳои Кумитаи ҷавонон, ҳамкориҳои доимӣ бо мардум, тақвият бахшидани фаҳмондадиҳӣ ва баланд шудани масъулиятшиносии ҷавонону волидони онҳо будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД