goodwell
Нақшаи қабули донишҷӯён дар ДДҲБСТ ба 97,3 фоиз расидааст
05.08.2026
Oila.tj
79

Нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар соли таҳсили 2026-2027 ба 97,3 фоиз расидааст. Дар ин бора ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 8200 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1825 нафар аз рӯйи ихтисосҳои самти омӯзгорӣ таҳсил менамоянд. “Бо мақсади густариши ин самт аз соли таҳсили нав факултети «Филологӣ-педагогӣ» таъсис дода шуд”,- таъкид дошт номбурда.

Қайд гардид, ки робитаҳои байналмилалии донишгоҳ низ густариш ёфта, теъдоди созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ ба 158 адад расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД