Arzon march 2024
Насби чамани гибридӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор
193

Федератсияи футболи Тоҷикистон чамани сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисорро бо чамани гибридӣ иваз намудааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аллакай Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барои баргузории бозиҳои сатҳи баланд пурра омода аст. Дар ин варзишгоҳ тими “Барқчӣ” бозиҳои хонагии хешро дар Лигаи олӣ доир мекунад. Пас аз омода шудани варзишгоҳ ин тими шаҳри Ҳисор аллакай дар чамани нав ду вохӯрӣ бар муқобили дастаҳои “Ҳулбук” (3:0) ва “Истиқлол” (0:1) баргузор намуд.

- Интизор меравад, ки дар оянда якчанд варзишгоҳи кишвар ба чаманҳои гибридӣ таҷҳиз дода шаванд. Бо чунин иқдом, Тоҷикистон ба талаботи ФИФА ва КФО наздиктар шуда, имкони баргузории мусобиқоти сатҳи олӣ ва истиқболи тимҳои байналмилалиро хоҳад дошт,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки навъи чамани гибридӣ яке аз беҳтарин ва муътадилтарин шаклҳои замини бозӣ ба ҳисоб меравад ва дар варзишгоҳҳои касбии Аврупо васеъ истифода мешавад. Чаманҳои гибридӣ дар муқоиса бо сунъӣ дар фаслҳои гуногун беҳтар истифода мешаванд ва барои бозии босифат шароити беҳтарин фароҳам месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД