arzon replenishment
Насабро барқарор карда метавонам?
520

Ҳангоми бастани ақди никоҳ бо собиқ ҳамсарам ба насаби ӯ гузашта будам. Акнун мо дар арафаи ҷудошавӣ тариқи суд қарор дорем. Оё ман метавонам насабамро дубора барқарор намоям.
Ш. Р.

Албатта қонунгузор дар хусуси барқаррор намудани насаби худ, яъне ба насаби пеш аз никоҳи худ иҷозат додааст ва шумо пас аз дастрас намудани ҳалномаи суди шаҳр ва ё ноҳияи дахлдор, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои истиқомати худ муроҷиат намуда, дар аризаи бекор намудани ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд, ки дар бланкаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонапуркунӣ сурат мегирад, баҳри гирифтани шаҳодатномаи бекор намудани ақди никоҳ бо ариза баъди бекор намудани ба насаби пеш аз никоҳиатон баргашта метавонед. Ва ин ҳолат ҳеҷ мушкилие надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД