Ҳар сол бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон савдогарон нарху наворо якбора қимат мекунанд.
Махсусан дар арафаи иди саиди Фитр нархи маҳсулоти хӯрока, мағзу мавод қанд ва ҳар хел шириниҳо дар бозор ба осмони ҳафтум дакка мехӯрад.Магар ин гуноҳ нест?
Миҷгона аз н. Рӯдакӣ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Дар моҳи шарифи Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро қимат кунанд, баръакс аз сари фоидаҳояшон гузашта, кӯшиш кунанд, ки молашонро арзонтар фурӯшанд. Ҳар тоҷири мусалмоне, ки мехоҳад дар моҳи мубораки Рамазон савоби даҳчанд бигирад, бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшад ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ ва махсусан дар арафаи иди саиди Фитр раҳму инсофро фаромӯш крада, нарху наворо якбора баланд мебардорад ва барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, дар назди офаридгор ҷавоб мегӯяд ва файзу баракати зиндагиаш кам мешавад.