Арзиши хидматрасониҳои имсолаи сафар ба Ҳаҷ барои зоирин маълум шуд. Шахсоне, ки мехоҳанд дар соли 2025 орзуи деринаи худро амалӣ намуда, ба зиёрати Каъба ва дигар ҷойҳои муқаддаси мусалмонон раванд, барои ҳаҷ бояд 56 ҳазору 800 сомонӣ супоранд. Маблағи мазкур ба таври ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
Замони сафари Ҳаҷ - 2025 нимаи дуюми моҳи май буда, то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Тавре ки сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Афшини Муқим гуфт:
Арзиши сафари ҳаҷ имсол назар ба соли гузашта 200 сомонӣ арзонтар шудааст. Соли қаблӣ нархи хароҷоти ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ буд. Сухангӯи Кумита гуфт, ки ин маблағ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйин шудааст ва ба он харидории чиптаи ҳавопаймо барои рафту баргашт, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар дохил мешавад.
“Таъмини шароити иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ дар ин нархнома дохил шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.