Масъалаи боло бурдани арзиши патент ва дигар хизматрасониҳо ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки чанд рӯз пеш дар Думаи давлатии Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Агар дар ҳақиқат нархи патент 4 маротиба қимат шавад, тақдири муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чӣ мешавад?
Дар робита ба ин мавзӯъ Шаҳноз Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дирӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт:
“Мо кӯшиш карда истодаем, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро ба танзим дарорем. Минбаъд масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл шуда, ба муҳоҷирати гурӯҳию мутташакилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия барои фаъолияти муввақатии меҳнатӣ бартарӣ дода мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар курсҳои касбомӯзӣ барои калонсолон сатҳи тахассуси муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро баланд бардошта, муттахассисони ба талаботҳои бозори меҳнати Русия ҷавобгӯйро омода созем. Баланд бардоштани дараҷаи тахассуси худ барои муҳоҷирони меҳнатӣ хеле муҳим аст, зеро ҳар қадаре, ки касбияти муҳоҷир баланд бошад, ҳамон андоза арзиши касбӣ ва музди меҳнаташ боло рафта, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳли хонаводааш мусоидат менамояд. Пешниҳоди дигаре, ки мо ба ҷониби Русия кардем, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ барои ба танзим даровардани фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон буд. Вақте муҳоҷирон ба таври мутташакилона ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар мешаванд, таъмини роҳкиро, супурдани маблағи патент, ҳуҷҷатгузорию қайди муҳоҷиратӣ, таъмин бо макони зист, либоси корӣ ва хурду хӯрокро бояд корфармо бар дӯши худ бигирад. Барои ҳалли масъалаҳои муҳими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳдошти вазъи зиндагию буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Россия аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон 5 гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки айни замон дар шаҳрҳои калони Русия-Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск кор карда истодаанд”,-гуфт хонум Нодирӣ.
Ба қавли ин роҳбари вазорат, масъалаи боло бурдани арзиши патент ва дигар хизматрасониҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, вале тибқи қонунгузории ҷории Россия ҳар як минтақа ҳуқуқ дорад, ки нархи патентро худаш муайян намояд. Дар сурати расидан ба мувофиқа масъалаи патенро ба танзим даровардан мумкин аст.
Ёдрас мешавем, ки масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории меҳнатии Федератсияи Россия ҷиҳати боло бурдани арзиши патент ва хизматрасониҳои дигар барои танзими фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон аз ҷониби ҳизби “Справедливая Россия» ба миён гузошта шуд. Намояндагони ин ҳизб пешниҳод кардаанд, ки қиммати боҷи давлатӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз 1200 рубл то 4800 рубл боло бурда шавад.
Намояндагони «Справедливая Россия” мегӯянд, ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии худи шаҳрвандони Россия зарур мебошад, зеро тибқи маълумотҳои оморӣ танҳо дар соли 2023 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия 3, 47 миллионро ташкил кардааст, ки 90%-и онҳо шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна-Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.
Дар давоми сол мӯҳлати қайд ва патенти 11,8 млн муҳоҷирон тамдид карда шудааст.