1xbet
Нархи оби нӯшокӣ дар Душанбе боло рафт
291

Нархи оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе боз қимат шудааст. Дар ин бора “Душанбеводоканал” хабар дод.

Тибқи қарори шаҳрдорӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе тарифҳои нави таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт эътибор пайдо кардаанд. Бино ба иттилои “Душанбеводоканал”, акнун сокинони пойтахт барои 1 метри кубӣ оби ошомиданӣ 2 сомониву 60 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки соли 2024 барои 1 метри кубии обу корезӣ 2 сомониву 26 дирам пардохт карда мешуд.

Ҳамин тавр, акнун ташкилотҳои буҷетӣ барои 1 метри кубӣ оби нӯшокӣ 3 сомониву 59 дирам, ташкилотҳои тиҷоратӣ 9 сомониву 10 дирам маблағ месупоранд.

Барои сокиноне, ки ҳисобкунаки об надоранд, пардохт ҳар моҳ ба ҳар як узви оила муқаррар карда мешавад.

Сокинони биноҳои бисёрошёна 28 сомониву 7 дирам пули об месупоранд. Ҳавлиҳои хусусӣ бо водопровод ва канализатсия бояд 23 сомониву 39 дирам пардохт намоянд. Ҳавлиҳое, ки аз наздиктарин водопровод об мегиранд, 7 сомониву 41 дирам месупоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД