Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз "баста шудан"-и гулӯгоҳи Ҳурмуз хабар додааст.
Панҷяки нефти ҷаҳон маҳз аз ҳамин гулӯгоҳ мегузарад ва баста шудани он боиси болоравии нархи маҳсулоти нефтӣ хоҳад гашт.
Бино ба иттилои ura.news, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳдид намудааст, ки ба ҳар киштие, ки аз минтақаи мазкур мегузарад, ҳамла хоҳад кард.
Амрико хабари баста шудани гулӯгоҳро рад мекунад, вале нархи нефт аллакай 9-10% боло рафта, баъзе киштиҳо аз тарси мавриди ҳамла қарор гирифтан ҳаракати худро дар ин самт боздоштаанд.