Arzon march 2024
Нархи хонаҳои баландошёна паст мешавад?
424

Сохтмони биноҳои истиқоматӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, ҳамасола дар пойтахти кишварамон даҳҳо биноҳои баландошёнаи нави замонавӣ қомат меафрозанд.

Тавре ки Ҷамшед Табарзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, тӯли 7 соли охир дар шаҳри Душанбе 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин нишондод нисбат ба шаш соли қабл 2,6 маротиба ё 2,1 ҳазор метри мураббаъ зиёдтар мебошад. Ҳоло дар нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъйиноти гуногун амалӣ шуда истодааст.

Аммо сохтмони манзил зиёд шуда бошад ҳам, бо сабаби қимат будани нархи масолеҳи сохтмонӣ нархи манзил торафт боло меравад. Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки соли равон нархи ҳар як метри мураббаъ манзил нисбат ба соли қаблӣ тахминан ба андозаи 3 доллари амрикоӣ боло рафтааст, вале дар баъзе ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла дар ноҳияи Сино нархи хона нисбатан пасттар шудааст.

Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар низ зимни нишасти хабарӣ гуфт, бештар шудани шумораи корхонаҳои истеҳсолии ватание, ки масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунанд, кори сохтмончиёни тоҷикро осон намуда, ба паст шудани нархи хона дар шаҳри Душанбе ва умуман дар Тоҷикистон мусоидат карда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД