Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо ба зоирин барои зиёрати Хонаи Қаъбаро дар мавсими соли 2023 муайян намуд.
Нархи ниҳоии Ҳаҷ барои имсол муайян нашудааст . Кумитаи дин, танзими расму анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати кишвар корҳои омодагиро ба мавсими Ҳаҷ оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими соли равонро 60 ҳазору 520 сомонӣ муайян намуд.
Ин нукта имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси кумита Сулаймон Давлатзода зикр шуд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2022 аз ҷониби кишвари Арабистон, ки мизбони Ҳаҷ маҳсуб меёбад, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 3562 квотаи Ҳаҷ ҷудо карда буд.