sebiston july new
НАРГИС РАСУЛОВА: БАРОИ ҚУРБОНИЁНИ КОРОНАВИРУС ЛАВҲА ГУЗОРЕМ!
2060


Наргис Расулова, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, ки ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни коронавирус дар яке аз хиёбонҳои пойтахт лавха гузошта шаваду исми онҳоро нависанд.

"Дар яке аз хиёбонҳои Душанбе лавҳаи ёдгорие гузорем ва дар он номи азизонеро, ки аз сирояти СOVID -19 ҷон ба Ҳақ таслим карданд, сабт намоем. Ин як тасаллое ҳам барои пайвандони ин шаҳидон хоҳад буд. Аз тарафи дигар, мо натавонистем густариши ин вируси маргборро пешгирӣ кунем. Ва натиҷааш ин шуд, ки нафарони зиёдеро аз даст додем, чандин ҷони ҷавон бохта, чандин дилҳои пур аз умеду орзӯ дар синаҳо нафастанг шуда, аз тапидан бозмонданд, чандин нафар дилҳояшон шикаст ва Худо медонад, кай ин бори ғам қалбашонро раҳо кунад..." - навиштааст Наргис Расулова дар саҳифаи фейсбукаш.
Ин пешниҳоди уро бисёриҳо писандида, ҷонибдорӣ намудаанд ва "саривақтӣ ва қобили дастгирӣ" гуфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 47 нафар аз сироятёбӣ ба вируси КОВИД - 19 вафот кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД