35 years of independency
Наргис Бандишоева: тулуъ ва ғуруби сарояндаи номвар
26.09.2026
СИПЕҲР
95

Аз марги фоҷеавии сарояндаи маъруфи тоҷик Наргис Бандишоева 35 сол сипарӣ мешавад. Марҳум 21-уми сентябри соли 1991 дар роҳи Варзоб – Душанбе дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар синни 24-солагӣ аз олам даргузашт. Вале бо гузашти ин ҳама солҳо садои ӯ ҳамоно танинандоз аст. Таронаҳои ӯ «Лалаик», «Ҷони ман», «Маро маҷӯ» ва «Дар ин шаб мастам» ҳанӯз ҳам мухлисони худро доранд... 

То саҳнаи ҳунар

Наргис Бандишоева 8-уми октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе, дар хонаводаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшо Бандишоев ва Бунафша Бекова ба дунё омадааст. Муҳити хонаводагии ӯ бо мусиқӣ ва санъат пайванди ногусастанӣ дошт. Падараш хатмкардаи Консерваторияи давлатии Маскав буд ва барои овозхонони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Шоиста Муллоҷонова, оҳанг эҷод мекард.

Наргис бародарзодаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева ва оҳангсозу рассоми маъруф Марватшоҳ Бандишоев буд. Чунин муҳит завқи мусиқии ӯро аз овони кӯдакӣ ташаккул дод.

Вақте Наргис шашсола шуд, падар истеъдодашро пай бурда, ӯро ба мактаби мусиқии ба номи П. И. Чайковскийи Душанбе супурд. Ӯ навохтани фортепианоро омӯхт ва таҳти назорати падар ҳар рӯз чанд соат машқ мекард. Нахустин ҳунарнамоии ҷиддияш дар ҳафтсолагӣ сурат гирифт, ки дар консерти давлатӣ таронаи «Модари ҷон, модарам»-ро иҷро намуд.

Баъдан ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Яке аз устодонаш Меҳрубон Назаров, падари сарояндаи маъруф Далер Назаров буд. Маҳз дар ин давра истеъдоди табиии ӯ бо донишу маҳорати касбӣ пайваст ва заминаи фаъолияти мустақилонаи эҷодиаш фароҳам омад.

Таронае, ки Наргисро муаррифӣ кард

Соли 1989 барои Наргис соли тақдирсоз гардид. Ӯ, ки донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи санъат буд, дар озмуни «Нахустин ҳунарнамоии ҷавонон» ширкат кард. Наргис таронаи шуғнии «Лалаик» («Алла»)-ро бо оҳанги Олег Фезов иҷро намуд.

Дар озмун ғолибон аз рӯйи овози тамошобинон муайян мешуданд. Наргис бештарин овозро ба даст овард ва соҳиби ҷойи аввал гардид. Ин пирӯзӣ оғози роҳи нави ҳунарии ӯ шуд.

Ҳамон сол дар фестивали «Иссиқкӯл-89» низ ҳунарнамоӣ карда, унвони «Мисс Иссиқкӯл-89»-ро гирифт. Тарзи иҷро, либоси шарқӣ ва ҳузури озодонааш дар саҳна таваҷҷуҳи мухлисонро ҷалб мекард.

Ноумедӣ

Аммо роҳи шуҳрати Наргис ҳамеша ҳамвор набуд. Дар яке аз озмунҳои мусиқӣ, ки бо номи «Юрмала» маъруф буд, ҳангоми ба саҳна баромадани Наргис фонограммааш садо надод. Ӯ натавонист ҳунарнамоӣ кунад ва ин ҳодиса барояш зарбаи сахти равонӣ гардид. Ба нақли модараш, Наргис аз ин воқеа чунон ранҷид, ки дигар намехост дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат варзад.

Хушбахтона, ин ноумедӣ дер давом накард. Дар пеш пирӯзие интизораш буд, ки номи ӯро берун аз Тоҷикистон машҳур сохт.

Пирӯзӣ дар «Садои Осиё»

Соли 1991 дар шаҳри Алма-Ато озмуни байналмилалии «Садои Осиё» баргузор гардид. Барои ширкат дар он беш аз 150 сароянда довталаб шуда, 30 нафар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Тоҷикистонро дар ин озмун Наргис Бандишоева, Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвина Юсуфӣ намояндагӣ мекарданд.

Наргис дар аввал аз сафар худдорӣ карданӣ буд. Ӯ эҳсос мекард, ки барои чунин озмуни бузург омодагии кофӣ надорад. Модараш ва дӯстонаш ӯро ташвиқ карданд, ки ҳатто барои андӯхтани таҷриба бошад ҳам, ба Алма-Ато равад.

Ва Наргис ҳам рафт ва дар фестива соҳиби ҷойи аввал гардид. Ин бузургтарин дастоварди эҷодии ӯ шуд.

Дар фестивал Томас Андерс, овозхони гурӯҳи машҳури олмонии «Modern Talking», низ ҳузур дошт. Ба ёдоварии Парвин Юсуфӣ, ҳунарнамоии Наргис ба ӯ таассуроти амиқ гузошт.

Худи Наргис пирӯзиашро бо хоксорӣ қабул кард. Дар мусоҳибае, ки Радиои Озодӣ порчаашро ҳифз кардааст, ӯ эътироф мекунад, ки чунин натиҷаро интизор набуд ва намедонист ин ҷоиза дар оянда то чӣ андоза ба фаъолияти эҷодиаш таъсир хоҳад расонд.

Сирри мондагории садои Наргис

Наргис танҳо овози форам надошт. Ӯ тавонист оҳангҳои мардумӣ ва маҳаллии Бадахшонро бо мусиқии муосири эстрадӣ пайванд диҳад. Ин омезиш ба эҷодиёти ӯ рангу бӯи хос мебахшид.

Дар баробари «Лалаик», таронаҳои «Маро маҷӯ», «Ҷони ман», «Дар бари ту», «Дар ин шаб мастам» ва «Надорам» аз сурудҳои шинохтаи ӯ мебошанд. Дар иҷрои Наргис самимият ва эҳсоси табиӣ бар ороишҳои зоҳирии овозхонӣ бартарӣ доштанд.

Далер Назаров дар хотираҳояш таъкид кардааст, ки Наргис тарзи нави пешниҳоди маводи мусиқиро ба саҳна овард. Ба андешаи ӯ, сароянда бо мусиқӣ зиндагӣ мекард ва мазмуни сурудҳояш бидуни шарҳи зиёдатӣ ба дили шунаванда мерасид.

Зеваршоҳи Муҳаммад, муаллифи барномаҳои мусиқӣ, низ мондагории ҳунари Наргисро ба омезиши мусиқии мардумӣ ва муосир вобаста медонад. Наргис нишон дод, ки таронаи маҳаллӣ метавонад аз доираи як минтақа берун равад ва барои шунавандагони забону фарҳангҳои гуногун ҷолиб бошад.

Садамаи маргбор

Пас аз бозгашт аз «Садои Осиё» Наргис бо неруи бештар ба эҷод машғул шуд. Ӯ дар студия таронаҳои нав сабт мекард ва барои барномаҳои оянда омодагӣ медид.

Ба хотираи наздиконаш, Наргис орзу дошт тамоми таронаҳои ҷаҳонро бихонад. Ӯ ҳамчунин қасд дошт 24 сентябр ҳамроҳи оҳангсоз Парвиз Туробӣ ба фестивали «Шире круг» сафар кунад.

Аммо 21 сентябри соли 1991 ҳама нақшаҳо нотамом монданд.

Он рӯз Наргис ҳамроҳи дӯстонаш барои таҷлили зодрӯзи дугонааш Марианна Орифова ба Варзоб рафт. Ҳангоми бозгашт мошини онҳо дар наздикии қаҳвахонаи «Чорбед» бо автобуси «Икарус» бархӯрд. Наргис ва дӯсташ Оксана дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. Ронанда низ баъдтар дар беморхона даргузашт.

Он замон дар бораи сабабҳои садама овозаҳои гуногун паҳн шуданд. Вале Марианна Орифова, ки аз фоҷиа ҷон ба саломат бурда буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ фарзияи қасдан ташкил шудани садамаро рад кардааст. Наргис ҳамагӣ 24 сол дошт. То ҷашни 25-солагиаш танҳо 17 рӯз монда буд.

Садои ҷовидона

Даргузашти Наргис на танҳо Тоҷикистон, балки дӯстону ҳамкоронашро дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ андӯҳгин кард. Барои гиромидошти хотирааш ҳунармандон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба Душанбе омаданд.

Соли 1992 Олег Фезов дар фестивали «Садои Осиё» асари «Реквием»-ро ба хотираи Наргис иҷро намуд. Тамошобинон аз ҷой бархоста, хотираи сарояндаро бо як дақиқа хомӯшӣ пос доштанд.

Соли 2013 гурӯҳи мусиқии «Baraka» аз Латвия албоми «Tribute to Nargis» («Ба хотираи Наргис»)-ро ба ӯ бахшид. Ин иқдом нишон дод, ки мероси овозхони ҷавонмарги тоҷик берун аз марзҳои кишвар низ шунаванда дорад.

Имрӯз, пас аз 35 соли даргузашт, Наргис Бандишоева ҳамоно дар хотираи мухлисонаш зинда аст. Ӯ умри дароз надид, вале фурсат ёфт, ки дар таърихи мусиқии тоҷик номи худро сабт кунад.

Ситорае, ки дар 24-солагӣ ғуруб кард, бо садояш аз марзи замон гузашт. Шояд бузургтарин пирӯзии Наргис на ҷоизаи «Садои Осиё», балки ҳамин бошад, ки ҳанӯз ҳам сурудҳои ӯ садо медиҳанд, шунаванда доранд, ӯро дӯст медоранд...

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД