Ман ба як ҷавоби шумо зид ҳастам. Шумо гуфтаед, ки аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ бозӣ кардан бо нард макруҳ аст, ба шарте, ки дар он маблағ гузошта нашавад.
Ман мегӯям, ки дар Ислом бозӣ кардан бо нард аз хук ҳам бадтар аст, агарчи бидуни маблағ бошад. Шумо бояд ҷавоби дуруст диҳед!
Аҳмадҷон Пардаев, ш. Турсунзода.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ин ҷавоби мо андешаи шахсии мо нест, балки назари уламои бузурги ҳанафӣ аст, ки бозӣ бо нардро макруҳ мегӯянд. Мақсуд аз макруҳ дар ин масъала макруҳи таҳримӣ аст, яъне ҳукми он ба ҳаром наздик аст. Барои маълумоти бештар оиди ин масъала ба китобҳои фатвои мазҳаб назар кунед, асли масъала бароятон равшан хоҳад шуд.