goodwell
Наҷоти се нафар аз ғарқшавӣ дар Хатлон
15.06.2026
Oila.tj
111

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, оби дарё баланд шуда, шаҳрвандон дар миёнаи дарё, дар болои сангҳои калон дармондаанд. Баъди гирифтани хабари фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон шаби 13-уми июн, соати 22:40 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз дастгоҳу лавозмоти махсуси наҷотдиҳӣ ва ғаввосӣ шаҳрвандонро аз муҳосираи об ва ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Гуфта мешавад, дар мавсими гармии имсола, ки оббозӣ дар ҷӯю наҳрҳо бештар гардидааст, аллакай наҷотдиҳандагон дар Хатлон 9 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД