Sebiston new 2024 october
Наҷоти ҷавони 20-сола аз дарёи Сир
05.09.2024
ОИЛА.ТҶ
353

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наҷоти як ҷавон хабар дод, ки хатари ғарқшавияш дар дарёи Сир вуҷуд дошт.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 3 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳангоми гаштугузори хидматӣ дар соҳили дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд баногаҳ мушоҳида карданд, ки як мард дар об ғарқ мешавад. Имдодгарон бо дастури сарвари даста дар дақиқаҳои башумор ва хеле зуд худро ба ҷойи ҳодиса расонданд ва мардро наҷот доданд. Маълум гардид, ки ӯ 20 сол дошта, аслан сокини деҳаи Боғчаи шаҳри Панҷакент будааст. Ӯ дар ҷойе ба шиноварӣ машғул шудааст, ки оббозӣ дар он мамнуъ аст.

Имдодгарон баъди наҷоти ҷони ҷавон ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои бехатариву амниятиро ҷиддан риоя кунанд. Дар ҷойҳое, ки барои оббозӣ мамнуъ эълон шудааст, шиноварӣ накунанд.

Кумита ҳамзамон таъкид мекунад, ки оббозӣ дар ҳоли мастӣ, танҳоӣ, шабона хатарҳои зиёд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД