Мегӯянд, ки намози масҷид бештар савоб дорад, чунки ҷамоат зиёд аст. Намози боҷамоате, ки дар хона мехонем, савобаш аз намози ҷамоати масҷид магар камтар аст?
Самир, вилояти Суғд
Посух
Тибқи ҳадиси Пайғамбар (с) намози боҷамоат аз намози танҳогузор бисту панҷ то бисту ҳафт дараҷа савоби бештар дорад. Албатта аз намози боҷамоате, ки дар хона гузорида мешавад савоб ҳосил мегардад, аммо фазилати ҷамоати масҷид бартар ва бузургтар аст, чунки намозгузор ба ҳар қадаме, ки ба сӯи масҷид мебардорад, савоби алоҳида мегирад ва ғолибан теъдоди афроди ҷамоати масҷид нисбат ба ҷамоати хона зиёдтар аст, аз ин рӯ, ҷамоати масҷид фазилати бештар дорад.
Дар ҳадисе Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Намози мард бо марди дигар аз танҳо гузориданаш беҳтар аст ва намози мард ҳамроҳ бо ду марди дигар беҳтар аст, аз он ки онро бо як мард бигузорад, ҳарчанд ки бештар бошанд, намозашон назди Худованд маҳбубтар аст». (Ривояти Насоӣ)