sebiston july new
Намози ҷумъа ба кӣ фарз аст ва киҳо аз он озоданд?
561

Салом! Ман марди 30-сола ҳастам ва дар як идораи давлатӣ кор мекунам. Аз сабаби дурии роҳ имконияти ба намози ҷумъа рафтанро надорам. Падарам ҳар ҳафта барои ба намози ҷумъа нарафтан маро сарзаниш мекунанд. Мехостам донам, ки намози ҷумъа ба киҳо фарз аст ва киҳо аз он озоданд?

Гулмурод, сокини ноҳияи Варзоб

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, намози ҷумъа яке аз намозҳои фариза буда, ба мардони болиғ, озод ва тандурусте, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, фарз аст. Ҷавонони ноболиғ, шахсони нобино, беморон ва занон аз ин намоз озоданд.

Аслан ба марди мусофир намози ҷумъа фарз нест, вале бо хоҳиши худ ба масҷид рафта, якҷоя бо мардум намози ҷумъаро адо намояд, намозаш ба ҷойи фарзи пешин қабул мешавад. Хотиррасон мекунем, ки дар намози ҷумъа пеш аз хутба чаҳор ракъат намози суннат мехонанд, баъдан имом ба минбар баромада, рў ба ҷамоат қарор мегирад ва азони дувум гуфта мешавад.

Баъд аз он имом ду хутба мехонад ва андаке мешинанд. Вақте ки имом хутбаи дувумро ба поён расонд, ду ракъат намози ҷумъаро бо мардум адо мекунад. Пас аз адои фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати дигар гузорида мешавад. Дар охир имом бо мардум якҷоя дуо мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД