Домуллои муҳтарам. Пеш аз ҳама шуморо ба моҳи бузурги Рамазон муборак мегӯям. Баъдан як савол вобаста ба ин моҳи бузург дорам.
Чун мо мусалмонҳо дар моҳи Рамазон дар баробари рӯза гирифтан, шабона намози таровиҳ мегузорем. Ман дар яке аз шаҳрҳои Аврупо ҳастам ва масҷид аз мо дур аст. Оё намози таровеҳро танҳо гузоштан, ҷоиз аст?
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Худо аз Шумо розӣ бошад. Бо ҷамоат гузоридани намози таровеҳ албатта беҳтар аст, вале танҳо гузоридани он низ ҷоиз аст, зеро барои дуруст шудани он ҷамоат шарт нест.