formula
Намози суннатро нахонӣ аз дин хориҷ мешавӣ?
653

Худованд ба намози фарз амр кардааст, на ба суннат.Агар намозҳои суннат қазо шаванд, дар рӯзи қиёмат аз инсон пурсида мешаванд ё не?
Шодӣ Солиҳов, ш. Душанбе.

        Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, суннатҳо дар баъзе мавридҳо қазо дошта мешаванд, мисли суннати бомдод, суннати пешин ва суннати ҷумъа. Худованд ба мо мутлақ намоз хонданро фарз накардааст, балки намоз хондан ба мисли Пайғомбар (с)-ро фарз қарор додааст. Он Ҳазрат (с) ҳеҷ намозеро бидуни суннатҳояш нахондаанд. Суннат ҷузъе аз дин аст ва муҳим надонистани он истихфоф ба дин шумурда мешавад.

Дар китоби “Раддул-муҳтор”, ҷ. 5, с. 109 мавқеъи уламои ҳанафиро чунин баён кардааст: “Агар суннат тарк кард, вале ба ҳақ будани он эътиқод дорад, дар ин сурат гунаҳгор мешавад, вале ба ҳақ будани он эътиқод надошта бошад, аз дин хориҷ мешавад, зеро ин кор истихфоф (муҳим надонистан) ба суннат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД