Gazprom july 2025
Намози шаб: ду чизе, ки бояд донист!
23.08.2025
Oila.tj
84

Чӣ гуна намози шаб бихонам, ки Аллоҳро розӣ гардонад ва маро ба Ӯ наздик намояд ва Ӯ аз ман розӣ гардад? Зеро ризои Аллоҳ барои ман ғояи олитарин буда, чизи дигаре намехоҳам. Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) шабона чӣ мекард, чӣ гуна намози шаб мегузорид, чиҳо мегуфт, то ки ман низ ба изни Аллоҳ ҳамон тавр амал кунам?

САМЕЪҶОН, ш. Душанбе

Посух:

- Пеш аз донистани чигунагии намози шаб, бояд аз ду чиз огоҳ шавӣ:

Аввал, ин ки намози шаб амали нафл буда, бояд банда онро барои Аллоҳ бардавом иҷро кунад. Баъд аз он ки ба иҷрои он шуруъ намуда, аз он насибае гирифт, онро тарк насозад.

Оиша (р) гуфтааст: Аз паёмбар (с) пурсиданд: Беҳтарин амал назди Аллоҳ кадом аст? Дар ҷавоб гуфт: "Амале, ки аз ҳама беш давом кунад, агарчи андак бошад". Боз фармуд: "Он амалҳоеро ба дӯши худ бигиред, ки бар он тоқат карда тавонед". ( Ривояти Бухорӣ, 6465).

Аз Алқама ривоят аст, ки гуфт: Аз модари муъминон Оиша пурсидам: Эй модари муъминон, амали паёмбар (с) чӣ гуна буд? Oё баъзе рӯзҳоро барои худ хос мекард?

Оиша (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) фармуд: Не. Амали паёмбар (с) бардавом буд. Кадоми шумо он чизе, ки паёмбар (с) метавонист, метавонад? (Ривояти Бухорӣ (1987) ва Муслим (783).

Дуввум: Паёмбар (с) баён намуд, ки мувофиқи шариъат бояд намози шаб ду ракъат - ду ракъат бошад. Баъд аз он намозашро бо як ракъат тамом мекунад ва ин як ракъат намози витр мебошад.

Аммо равиши намози шаби паёмбар (с)-ро модари мӯъминон Оиша (р) сифат намуда, гуфтааст: “Расулуллоҳ (с) чӣ дар Рамазон бошад ва чӣ дар ғайри он аз ёздаҳ ракъат зиёд намоз намехонд. Аввал чаҳор ракъат намоз мехонд, ки ту аз зебоӣ ва дарозии он напурс. Баъд аз он чаҳор ракъати дигар намоз мехонад, ки ту аз зебоӣ ва дарозии ин чаҳор ракъат напурс. Баъд аз он се ракъат мехонд.

Гуфтам: Эй Расулуллоҳ! Оё пеш аз намози витрро хондан, хоб мекунӣ? Гуфт: "Эй Оиша, чашмонам хоб мекунанд ва дилам бошад, хоб намекунад". (Ривояти Бухорӣ (1147) ва Муслим (738)).

Шарт нест, ки намози шаби банда ба ин ёздаҳ ракъат расад ва аз он кам ё зиёд набошад. Балки агар шахс хоҳад, мутобиқи тавоноии худ зиёд ё кам мехонад.

Умуман, баъди намози хуфтан то дамидани субҳ чӣ қадаре ки хоҳад, намоз мехонад. Беҳтарин вақти он охири шаб аст, зеро он вақти нузули Парвардигор буда, дар он дарҳои осмон кушода мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД