arzon replenishment
Намози марди арақхӯр равост?
789


Бисёр одамонеро медонам, ки арақ менӯшанд, вале аз рӯйи масали “гоҳ нағмаю усул, оҳ худову расул” амал намуда, намозу рӯзаашонро ҳам тарк намекунанд.

Андешаҳо дар бораи ин тоифаи одамон гуногунанд, вале аксарият мегӯянд, ки намози шаробхӯр дуруст нест. Мехостам ба ҳаимн масъла равшанӣ андозед, ки намози майзадаю шаробнӯш қабул мешавад ё не?
Идибек, ш.Кӯлоб.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Вақте шахс баъди нӯшидани шароб ба ин тарафу он тараф майлон мехӯрад, ҳангоми намозхонӣ намедонад, чӣ гуфта истодааст, намози ӯ қабул нест. Дар ғайри ин сурат, агар фарзҳои намоз иҷро шавад, намозаш дуруст мегардад. Бояд қайд намоям, ки шариат арақро ҳаром эълон кардааст ва ин дар Қуръон ҳам омадааст. Бинобар ин, беҳтар аст, ки аз арақ парҳез кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД