Пагоҳ, 20-уми март мардуми шарифи тоҷик дар қатори дигар мусалмонони ҷаҳон Иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, намози иди Рамазон дар тамоми масҷидҳои Тоҷикистон соати 7:30-и субҳи рӯзи 20-уми март хонда мешавад.
Мувофиқи қарори Шурои уламо, имсол ҳар як шахс бояд 7 сомонӣ фитри рӯза диҳад. Бояд гуфт, ки фитри рӯза барои ҳар як аъзои хонавода дода мешавад, агар дар оила 5 нафар бошад, пас 35 сомонӣ фитри рӯза додан лозим меояд. Маблағи мазкурро пеш аз хондани намози иди Фитр ба ятимон, дармондагон ва одамони муҳтоҷ додан лозим аст. Афроде, ки бо сабабҳои шаръӣ рӯза нагирифтаанд, барои 30 рӯз 420 сомонӣ фидяи савм медиҳанд.
Нисоб ва маблағи закот имсол қариб ду баробар афзоиш ёфтааст ва нафароне, ки беш аз 64 ҳазор сомонӣ маблағ доранд, 1600 сомонӣ закот медиҳад.
Шурои уламои кишвар ба имомхатибон тавсия додааст, ки дар бораи пешгирии исрофкорӣ ва расонидани ёрии моддӣ ба табақаҳои ниёзманд мавъиза хонда, мардумро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзҳои ид даъват намоянд.